Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм
ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД бо иштироки намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки ба мавзӯъҳои мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар самти фаъолияти Интерпол, мубодилаи маълумот ва таҷрибаи корӣ бахшида шуда буд, намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Ҳуқуқшиноси Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Девид Маккивер, коршиноси минтақавӣ дар самти амнияти ҳавоии Кумитаи мазкур Корнелия Лудоф ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мазкур ибрози андеша намуданд.
Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм боз ҳам тақвият бахшанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






