Табиби яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад

Февраль 18, 2017 12:22

ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /«АМИТ «Ховар»/. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, духтури яке аз таваллудхонаҳои пойтахт бо гумони гирифтани пора дастгир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда 16 феврали соли равон аз бемор, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ҷарроҳӣ 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағро ҳамчун пора талаб кардааст. «Дар вақти гирифтани маблағи мазкур дар назди бинои баландошёнаи «Душанбе-Плаза», гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд» ,-хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Февраль 18, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад