«Таронаи сарбоз» ҷавононро ба ватандўстиву меҳанпарастӣ даъват менамояд

Февраль 10, 2017 17:57

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз»-ро таҳти унвони «Аскарони Пешвои миллатем» баргузор менамояд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз хатарҳои террористӣ, ҳидоят намудан ба бунёдкорию созандагии кишвар, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва дўст доштани арзишҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» таҳти унвони «Аскарони Пешвои миллатем» бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Февраль 10, 2017 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад