Таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси маркази мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет буда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад. Дар айни замон маркази мазкур ба кори худ оғоз намуда, барои ба роҳ мондани дигар самтҳо корҳои дахлдор идома доранд»,- зикр шуд имрӯз аз ҷониби масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абураҳмонзода, Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ барои таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет ба роҳ монда шуда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми имкониятҳо сафарбар карда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






