«Тоқии гулдўзӣ-зеби сарам!» — озмун дар ноҳияи Рашт
РАШТ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ миёни ҷомеа даври аввали озмунҳои «Либоси миллӣ-ифтихорам», «Тоқии гулдўзӣ-зеби сарам!» ва «Кадбонуи беҳтарин»-ро баргузор намуд. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, озмунҳои мазкур бо мақсади пешгирии парастиши фарҳанги бегона ва тарғиби либоси миллӣ, рушду ҳунари кадбонугӣ ва эҳёи баъзе таомҳои миллии аз байнрафта роҳандозӣ шудааст.
Даври ниҳоии озмунҳои мазкур дар дар арафаи таҷлили Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






