Тоҷикистон шарики стратегӣ ва боэътимоди Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Февраль 14, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики стратегӣ ва боэътимоди Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, байни Тоҷикистону Россия беш аз 230 созишномаю санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки нақши онҳо дар тавсеаи равобити судманди Душанбе ва Москва муассир аст»- чунин зикр шуд дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки 14 феврал дар Душанбе дар мавзӯи «Марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия: иқтисодиёт, амният, робитаҳои гуманитарӣ» доир гардид. Ҳамоиши мазкур ба ифтихори 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гузаронида шуда, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиё», «Маркази сиёсатшиносии «Шимол-Ҷануб», маҳфили коршиносии «Евразия-Поволже» (Саратов) ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоишанд. Дар ҳамоиш кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Думаи давлатии Федератсияи Россия, Сафорати Россия дар Тоҷикистон, коршиносон ва намояндагони марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Тоҷикистону Россия ширкат намуда, доир ба сатҳ ва марҳилаҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои гуногун дар зарфи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки равобити иқтисодию сиёсӣ ва гуманитарӣ байн ду кишвар дар зарфи 25 сол маҳдуд намегардад, балки таърихи қадимию тӯлониро фарогир аст. Хусусан ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Россия, ки шарикони стратегии боэътимод дар минтақаанд, дар шароити муосир беш аз пеш густариш меёбад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо сармояи Россия дар ҷануби Тоҷикистон, ҳузури ширкатҳои мобилии Росия, назири «Таком» ва «Мегафон Тоҷикистон», инчунин ширкати «Газпром» шаҳодати ин гуфтаҳост. Байни ду кишвар Шӯрои ҳамкории тиҷоратӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дошта, гардиши мол байни Тоҷикистону Россия дар соли 2016 марзи 1 миллиард долларро убур намуд, ки он нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст. Тамоюли коҳишёбии гардиши мол байни ду кишвар ба омилҳои берунӣ, таъсири манфии буҳрони молиявӣ ва паст рафтани қурби пули миллии Россия -рубл нисбат дода мешавад. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 70 минтақаи Россия ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст, ки ҳаҷми интиқоли мол бо ин минтақаҳо 80%-и гардиши мол байни Тоҷикистону Россияро ташкил медиҳад. Ҳамзамон беш аз 100 ширкату корхонаҳои муштараки Россия дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти густурда доранд, ки нақши онҳо дар рушди иқтисоди Тоҷикистон назаррас аст.
Бо дахли ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Россия дар бахши амният иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ зикр намуданд, ки Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси камарбанди амниятӣ ва кафили суботу оромӣ дар шароити таҳдид ва хатарҳои замони муосир, хусусан мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҳкими марзҳои ҷанубии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ эътироф гардидааст. Дар ин росто, ҳузури пойгоҳи низомии дивизияи 201-уми Россия дар ҳудуди Тоҷикистон, ки фаъолияти он дар доираи имзои созишнома дар соли 2014 то соли 2042 тамдид гардидааст, дар самти таъмини амнияти минтақа, бо назардошти авзои сиёсии кишвари Афғонистон муассир аст.
Ҳамзамон дар ҳамоиши байналмилалӣ масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Россия дар бахши гуманитарӣ матраҳ гардид. Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои Россия ва марказҳои илмию фарҳангии ин кишвар фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар омода намудани мутахассисони гуногунсоҳа, тарғиби фарҳанг ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон калон аст. Дар ин росто Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов ба сатҳи равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Россия баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки алҳол дар мактабҳои олии Россия 6,5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ирина Каримова, ноиби президенти Академияи таҳсилоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ доир ба вазъи таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоту дурнамои он сухан кард. Таъкид шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон 17 мактаби таҳсилоти ҳамагонии русӣ ва 166 мактаби низомаш русӣ-тоҷикӣ фаъолият дорад.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ ҳамзамон паҳлӯҳои дигари ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Росия, дурнамои тавсеаи равобити ду кишвар бо назардошти вази ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.
Баргузории ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия: иқтисодиёт, амният, робитаҳои гуманитарӣ» дар Душанбе бо ҳузури сиёсатшиносон ва донишмандону коршиносони марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Тоҷикистону Россия дар ҳолест, ки охири моҳи феврал сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Февраль 14, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод