Тоҷикистону Афғонистон ҷинояткоронро истирдод менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ду кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро дар мубориза бар зидди кофтукови ҷинояткорон ва истирдоди онҳо ба кишварҳои ҳамдигар густариш медиҳанд. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдодро ба тасвиб расониданд.
Аламшо Абдураҳмонзода, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки самти асосии Созишномаи мазкур ба рушди фаъолонаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон дар самти кофтукови ҷинояткорон, истирдоди онҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави кишварамон ҷиноят содир намуда, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ мебаранд, нигаронида шудааст. Ҳамзамон санади мазкур тартиби истирдод, нигоҳ доштани шаҳрвандон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ, шароити истирдод, мусодираи амволеро, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, муайян менамояд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Афғонистон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, асосан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд, нафаронеанд, ки бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ маҳкум гардидаанд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






