Тоҳир Ҷобирзода: «Муқовимат бар зидди коррупсия-вазифаи ҳар яки мост»
ДУШАНБЕ, 17.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад». Ин нуктаро Тоҳир Ҷобирзода-вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зимни семинаре, ки имрӯз таҳти унвони «Муқовимат бар зидди коррупсия-вазифаи ҳар яки мост» дар Парлумон доир гардид, таъкид кард. Семинар бо ибтикори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созмон дода шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат иштирок доштанд.
Ба андешаи Тоҳир Ҷобирзода, самаранокии муқовимат бо коррупсия ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои хокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он иртиботи ногусастанӣ дорад.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба миён омадани ҳолати коррупсионӣ, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, пешрафти иқтисодиёт, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти кишвар фарогир аст.
Ҳамзамон Тоҳир Ҷобирзода зикр сохт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мубрам будани масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ тадбирҳои марбутаи ташкилию ҳуқуқӣ андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз чунин санадҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ.-, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ кабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул ёфт. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҳамин қабиланд. Ҳамзамон бо мақсади ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ моҳи январи соли 2007 бо Фармони Президенти кишвар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат дар назди қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан дар мубориза бар зидди коррупсия вазифаҳои умда мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






