«Toyota Land Cruiser»-и қочоқӣ дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон аз қочоқи мошини гаронарзиш ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Зимни гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser-200» рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777-ро боздошт намуданд. Мошини мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон С.М.Н идора мегардид ва ба самти сарҳади Афғонистон равона буд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ маълум шуд, ки «Toyota Land Cruiser-200», ки соли бароришаш 2016 аст, аз сӯи шахсони номаълум бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-молшиносӣ, арзиши ин мошини қочоқӣ 480 000 сомониро ташкил медиҳад.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






