Туркия ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат дар Тоҷикистон бонки муштарак таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Туркия ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки муштарак таъсис диҳад. Ин ҳавасмандиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Туркеш баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба хабарнигорон изҳор намудааст.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия мулоқоти баргузоргардидаро самаранок арзёбӣ карда, зикр намудааст, ки иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Туркия ва Тоҷикистон бояд ба пуррагӣ истифода шаванд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Туркеш сабаби сафарашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани ҳамкории иқтисодии ҳарду кишвар маънидод намуда, иброз намуд, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиснои муносибатҳои тиҷоратӣ, инчунин ба масъалаҳои амниятии ҳарду кишвар низ дахл намудаанд.
Бояд зикр намуд, ки Туркия дар даҳ соли охир дар самти ислоҳоти иқтисодиёт ва рушди саноат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба содиркунандаи азими молу маҳсулот табдил ёфтааст. Муносибатҳои Тоҷикистону Туркия ба принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст. Имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 ширкати туркӣ фаъолият дошта, ҳарду ҷониб ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф хуб ба роҳ мондаанд.








Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад






