«Ҷуз сухани ганҷ магӯ…» дар саҳнаи Аҳорун
ДУШАНБЕ. 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аҳли эҷоди Театри «Аҳорун» имрӯзҳо бо таҳияи намоиши нав бо номи «Ҷуз сухани ганҷ магӯ…» машғул буда, ният доранд, ки онро то охири моҳи ҷорӣ манзури тамошобинон гардонанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоиш аз ҷониби Шӯрои бадеии театр қабул гардида, сабки хоси театр дар шакли манзум ба роҳ монда шудааст. Муаллиф Шамсия Қосимова онро дар асоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳаким Абӯалӣ Сино таҳия намудааст. «Ҷуз сухани ганҷ магӯ» дар бораи зиндагии ориф ва олими шинохтаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино нақл мекунад.
Коргардони намоиш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова иброз дошт, ки алҳол корҳои ороишӣ, тамрин ва таҳияи декор, ки ҳунари кандакориро талаб мекунад, идома доранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






