Як мошин ва ронандаи он аз зери тарма наҷот ёфтанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) шаҳрванд Бахтиёр Шафиевро аз зери тарма наҷот дода, ба маҳалли амн интиқол доданд. Тавре аз Хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд: «Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода як шаҳрванд занг зад ва кумак хост. Аз суханонаш маълум гардид, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст».
«Дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот наҷотдиҳандагони Кумита, ки дар роҳи Душанбе-Хуҷанд қарор доранд, мошини тамғаи «Ниссан»-ро, ки аз ҷониби шаҳрванди 47-сола Бахтиёр Шафиев идора мешуд, аз зери ғарами барф берун кашиданд ва ба таври фаврӣ аввалин кумаки тиббӣ расонданд. Дар айни замон ҷабрдида ҳоли хуб дорад ва ба ҷойи амн интиқол дода шудааст. Ин ҳодиса дар километри 71-уми роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд рух додаст»,-хабар дод манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба манотиқи тармахез то 18 феврал худдорӣ кунанд








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






