Юсуф Раҳмон: «Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтааст»

Февраль 16, 2017 14:35

Генпрокурор Юсуф РахмонДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 панҷ маротиба коҳиш ёфтааст». Ин нуктаро Юсуф Раҳмон -Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисобот дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 феврал дар Душанбе доир гардид, зикр намуд. Прокурори генералии кишвар афзуд, ки дар ин давра мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута ва шаҳрвандон муборизаро бар зидди таҳдидҳои замони муосир, бахусус ҷалби ҷавонон ва шаҳрвандон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ тақвият бахшида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад. Юсуф Раҳмон зикр намуд, ки дар соли 2016 дар ҳудуди Тоҷикистон 230 сомонаи интернетӣ, ки зуҳуроти нангини ифротгароию террористиро тарғиб мекарданд, ошкор ва масдуд карда шуданд.
Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо терроризм барои солҳои 2016-2020» таҳия ва қабул гардид, ки қадами муассирест дар роҳи мубориза бар зидди ифротгароию терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир.

Февраль 16, 2017 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид