3 март- Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 намуди ҳайвонот ва растаниҳои нодир мавҷуданд

Март 3, 2017 12:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 3 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ ҷашн  гирифта мешавад. Дар ин рӯз дӯстдорони табиат шодию хурсандӣ мекунанд. Қарори таҷлили Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ 20 декабри соли 2013 дар ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи Генералии Созмони  Милали Мутаҳид  қабул шудааст. Пеш аз ин 20 декабри соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) қабул шудааст, ки иштирокдорони он 180 давлати дунё мебошанд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) 24 июни соли 2015 бо Қарори Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №112 ҳамроҳ шуд»,-иброз дошт Абдуқодир Маскаев, сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 20 декабри соли 2013 дар паёми худ чунин гуфт: «Дар рӯзи байналмилали табиати ёбоӣ аз ҳамаи шаҳрвандон, ширкатҳо ва ҳукуматҳо даъват мекунам, ки нақши худро дар муҳофизати ҳайвонот ва растаниҳои ёбоӣ, ки дар дунё мавҷуданд, гузоранд. Амали ҳар яки мо тақдири табиати ёбоии ҷаҳонро муайян мекунад. Ояндаи табиати ёбоӣ дар дасти мост».

Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ имконият медиҳад, ки ба гуногуншаклӣ  ва зебоии нишонаи ҳайвонот ва набототи ёбоӣ диққат дода шавад. Инчунин ин рӯз барои баланд бардоштани маълумотнокии одамон оид ба аҷоиботи фаъолияти ҳифзи табиат мусоидат мекунад.  Ба ғайр аз ин, Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ моро аз зарурати тақвият бахшидани мубориза бо ҷиноятҳое, ки ба ин табиат марбутанд, хотиррасон мекунад. Он дорои натиҷаҳои дурударози иқтисодӣ, муҳитизистӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Ба ғайр аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи гуногунии биологӣ шомил аст, ки ин Конвенсия барои ҳифз ва нигоҳдории табиати солим равона шудааст.

Абдуқодир Маскаев зикр кард, ки: «яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудани шикори ғайриқонунии ҳайвоноти ёбоӣ мебошад. Танҳо дар соли 2016 аз тарафи нозирони Кумита дар қаламрави кишвар 184 қонуншиканӣ нисбат ба намудҳои гуногуни олами ҳайвонот ошкор гардида, қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар самти захираҳои моҳӣ  427 қонуншиканӣ ошкор гардида, онҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд».

«Дар қаламрави кишвар дар фасли зимистон баҳри даст назадан ба шикори ғайриқонунӣ аз тарафи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор баҳри пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвонот санҷишҳои муштарак гузаронида мешаванд»,-иброз дошт номбурда.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои намудҳои гуногуни ҳайвонот ва растаниҳо мебошад. То ба имрӯз аз ҷониби олимон ва мутахассисон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Вобаста ба ин баҳри пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот «Китоби сурх»-и Тоҷикистон соли 2016 дар таҳрири нав ба нашр расид, ки ба он 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир дохил гардидаанд. Дар нашри дуюми  «Китоби сурх»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон  222 намуди ҳайвонот ва 267 намуди растаниҳои нодир дохил шудаанд»»,- зикр кард  Абдуқодир Маскаев.

Дар самти назорати давлатӣ ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ ва аз фасли зимистон беталаф баровардани онҳо амалиёти ҷумҳуриявии  «Ҳифзи  ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» гузаронида шуда, дар ҷойҳои сукунати онҳо ба миқдори 15181 кг гандум, 22300 кг алаф, 7129 кг хошок, 315 кг ҷав, 3510 кг намак, 300 кг кунҷора ва 815 кг намудҳои дигари ғизоӣ пошида шудаанд.

Дар соли 2016 аз тарафи нозирони Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумита дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский, ходимони илмии Институти биологии Помир, мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Шамсиддин  Шоҳини вилояти Хатлон, Дарвози ВМКБ ва шаҳри Роғун ҳисоботи (мониторинг) саршумори бузи кўҳии пармашох (Морхўр) ва гўсфанди кўҳии бухороӣ (Уриал) гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани мониторинг дар ҳудуди минтақаҳои номбаршуда 1452 сар бузи кўҳии пармашох, 227 сар гўсфанди кўҳии бухороӣ, 120 сар бузи кўҳии сибирӣ, 3 сар бабри барфӣ, 25 сар хирси маллаи тиёншонӣ ва 182 сар хуки ваҳшӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Маълумот: Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) аз 25 модда иборат буда, он ба андешидани тадбирҳои қатъӣ оид ба назорат, маҳдудияти савдо, пешгирии ҷойивазнамоии ғайриқонунии байналмилалӣ ва интиқоли намудҳои ҳайвоноту набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии кишварҳо танҳо бо тартиби мувофиқашудаи байналмилалӣ равона карда шудааст.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СИТЕС ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фарогирии масъалаҳои ҳалталаби ҳамкории байналмилалӣ яке аз қадамҳои зарурӣ барои таҳким бахшидан ба болоравии обрӯ ва мақому мартабаи ҷумҳурӣ мебошад.

 

 Шукӯҳи ДАЛЕР

Март 3, 2017 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст