Ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Март 16, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо шароити мусоид барои сармоягузорон ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё карда шудааст. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мулоқот бо Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group Co» Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла энергетика, сохтмон, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳаи туризм аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ маҳсуб гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.

Март 16, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд