Александр Бородюк сармураббии дастаи мунтахаби Қазоқистон оид ба футбол интихоб шуд

Март 1, 2017 17:01

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Александр Бородюк, собиқ мураббии дастаи мунтахаби Россия оид ба футбол сармураббии дастаи мунтахаби Қазоқистон интихоб шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Федератсияи футболи Қазоқистон (ФФҚ) хабар додааст.
Шартномаи ин мутахассис ба муҳлати се сол баста шуд. Собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Қазоқистон Талгат Байсуфинов ба вазифаи директори техникии ФФҚ гузаронида шуд.
Охирин клубе, ки Александр Бородюк фаъолият кардааст, дастаи «Кайрат»-и Алмаато дар аввали соли 2016 гуфта мешавад. Баъди се вохӯрии даста Бородюк «Кайрат»-ро тарк кард.
Аз соли 2002 то 2012 Бородюк ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Россия шомил буд ва ба мураббиён Валерий Газзаев, Юрий Сёмин, Гус Ҳиддинг ва Дик Адвокат кумак кардааст. Соли 2005 вазифаи сармураббигии дастаи мунтахаби Россияро бо Бразилия (0:1) дар бозии дӯстона Бородюк ба уҳда дошт.
ФФҚ дар назди Бородюк вазифа гузоштааст, ки ҳайати дастаи мунтахабро ҷавон карда, бозингарони беҳтарин ва бомаҳорати ин кишварро зери парчами дастаи мунтахаб гирд орад.

Март 1, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд