Бақайдгирии довталабон ба коллеҷҳо аз моҳи июн оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 расонида мешавад, ки қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дар соли равон тавассути низоми имтиҳонҳои мазкур ба роҳ монда намешавад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аз ин рӯ, шахсоне, ки хатмкунандаи синфи 9 мебошанд ё таҳсилоти умумии асосӣ доранду ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дохил шудан мехоҳанд, тибқи тартиби солҳои пешин бояд ба комиссияи қабули муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки бақайдгирии чунин довталабон дар муассисаҳои таълимии мазкур аз моҳи июн оғоз мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






