Бадахшон: Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дигар хусусиятҳои вижаи Наврӯз ин расму суннат, фарҳанги бою пурғановати он ба шумор меравад, ки бонувони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон хеле мушфиқона ва аз сидқи дил ба инҳо арҷ гузоштаанд. Баъди намоиши таомҳои миллӣ дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон хабар доданд, чорабинии мазкур бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз ёфт. Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз иштирокдорони ин чорабиниро табрику муборакбод намуд. Дар чорабинии идона муовини сардори РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Шавкат Музаффарзода, нозири калони Шуъбаи бозрасии давлатии авомобилии вилоят майори милитсия Хосият Гулзорхонова ва устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, номзади илмҳои таърих, Элбон Ҳоҷибеков иштирокдорони чорабинии Наврӯзиро роҷеъ бо хусусиятҳои хоси Наврузии ВМКБ шинос карданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби сардори РВКД дар ВМКБ як қатор кормандони милитсия ҳавасманд гардонида шуда, ба толибилмон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






