Баъди ба даст афтодан ришвадиҳӣ роҳи наҷот нест
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи Шаҳринав мудири анбори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Низомов ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре ки Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, санҷиши прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар мактаб-интернати мазкур муайян намуд, ки Б. Низомов маҳсулоти хӯроквории муҳлаташ гузашта ва ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй набударо дар анбор нигоҳ дошта, давоми моҳи январи соли 2017 онро барои тайёр намудани хӯроки кӯдакони ятим истифода намудааст. Баъди ба даст афтодан Б. Низомов бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо ёфтан ҳангоми додани пора ба ёрдамчии прокурори ноҳия ба маблағи 3 000 сомонӣ дастгир гардид.
Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ нисбат ба Б. Низомов бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 320 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






