Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд мусобиқаи қайиқронӣ доир гардид

Март 14, 2017 14:56

ХУҶАНД, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҳамчунин дар доираи эълони Соли ҷавонон дар тамрингоҳи «Сирдарё»-и маркази вилояти Суғд  11-12 март мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба қайиқронӣ байни ҷавонон баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи мусобиқаи мазкур аз тарғиби қайиқронӣ ва ҳамзамон муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд иборат буд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 60 нафар варзишгарон аз рӯи 6 намуд дар масофаҳои 1100, 1200 ва 1500 метр байни писарон ва 2 намуд дар масофаи 1200 ва 1500 метр байни духтарон дар намудҳои каноэ ва қайиқ кувваозмоӣ намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.

 

Март 14, 2017 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд