Баррасии масъалаи амнияти роҳ ва бехавфгардонӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2017 11:16

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов рӯнамоии бехавфгардонии мавзеъҳои тармафароии роҳҳои мошингарди мамлакат баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёт хабар доданд, дар рӯнамоӣ намояндагони идораҳо ва мақомоти ҳамкор бо соҳаи нақлиёт, аз ҷумла, Агентии обуҳавошиносӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», Кумитаи сармоягузорӣ, ДТТ ба номи М.Осимӣ, сардорони раёсатҳои вазорат ва маркази лоиҳакашӣ иштирок доштанд.
Муовини сарвазир Азим Иброҳим муҳимият ва саривақтӣ будани мавзӯи рӯнамоии феълиро таъкид намуда, аз ҳозирин хост дар асоси заминаи илмӣ бо далелҳои мушаххас асноду пешниҳоди хешро доир ба бехавф гардондани қитъаҳои ин шоҳроҳ ва зарурати бозсозиву бунёд намудани долонҳои зиддитармавӣ ва тавораҳои нав дар ин қитъа ба миён гузоранд.
Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ Олимҷон Холдоров рӯнамоии мавзӯъро бо истифода аз васоити аёнӣ баргузор намуда, иштирокдорони нишастро бо ҷузъиёти мавзеъҳои хатарноки тармафарои шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ ошно намуданд. Барои тартиб додани лоиҳаи таҷдиду навсозии долонҳои ин мавзеъ дар масофаи 24 км барои масъулин 2 моҳ вақт таъйин карда шуд.
Аҳамияти аввалиндараҷаи роҳ дар амният ва бехатарии он мебошад,- таъкид намуд муовини Сарвазир. Дар охир Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба иштирокдорон барои пешниҳоди андешаҳои муфид сипосгузорӣ намуд.

Март 1, 2017 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд