Базми наврӯзӣ- эҳёгари суннатҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон, кормандони донишкада ва меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Тавре аз ин донишкада хабар доданд, дар базми идона Ашурбой Солеҳзода, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Сабоҳат Маҳмадалиева, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни шаш факултет, шуъбаи магистратура, устодони кафедраҳои умумидонишкадавӣ ва кормандони китобхонаи илмӣ бо ороиши дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Қобили зикр аст, ки дар байни факултетҳо барои ороиши беҳтарин дастархони наврӯзӣ, намоиш ва азбарнамоии либосҳои миллӣ, намоиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ озмун эълон гардида буд. Донишҷӯёну устодон дар намоиши анъанаҳои неки наврӯзӣ, аз қабили сурудхонӣ, фалаксароӣ, иҷрои суруди «Алла», пахтазанӣ, ресмонресӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ, тухмзанӣ ва монанди инҳо аз якдигар монданӣ надоштанд.
Наврӯзи ҷаҳонӣ ҷашни покиву зебоӣ ва ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки он иттиҳоду ваҳдати моро таҳким бахшида, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон ато кунад.
Базми наврӯзии донишкада бозгӯи худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии ширкаткунандагони он буд.










«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






