Бо омилҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд

Март 2, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳу усулҳо ва омилҳои асосии ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ зимни вохӯрии намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ Нигора Аминзода, сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд ва таъмини иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», инчунин оид ба нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати Агентӣ ибрози назар намуд.

корруп -1Таъкид шуд, ки ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон зидди омилҳои коррупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз сӯи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар самти татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бояд тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи кишвар саҳми муносиб гузошта, бобати решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир баранд.

Март 2, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид