Бонки миллии Тоҷикистон фишанги нави сиёсати пулию қарзиро ҷорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самараноки идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиёт бо пули миллӣ ва танзими бозори байнибонкии қарзӣ, воситаи нави амалиёти монетарӣ- музоядаҳои қарзиро ҷорӣ намудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои амалиёт дар бозори озод пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Музоядаҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи ду банди фоизӣ муқаррар карда шудааст. Ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.
Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тартиб ва шартҳои анҷом додани амалиёти қарзии зикргардидаро Дастурамали №220 «Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил», ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас мебошад, ба танзим медарорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






