Бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол» дар Душанбе мегузарад
ДУШАНБЕ, 16.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ба мувофиқа расиданд, ки бозии даври сеюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олиро, ки мебоист бо мизбонии «Регар-ТадАз» баргузор шавад, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор намоянд. Бозии марҳалаи дуюмро 17 июн бо маслиҳати ҳамдигарӣ дар варзишгоҳи «Талко-Арена» доир хоҳанд кард. Дар ин бора сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
Ба ҳамин тартиб бозии байни дастаҳои «Регар — ТадАз» ва «Истиқлол», 18 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 шурӯъ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ду давр «Ҳосилот«-и Фархор бо 6 имтиёз дар зинаи аввал буда, «Регар-ТадАЗ» бо 4 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунанд. «Истиқлол» баъди як вохӯрӣ бо 3 хол дар ҷои сеюм аст.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






