Дар Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид

Март 14, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ин бора Шералӣ Ҷалолов, корманди маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар форум роҳбарияти Клуб, соҳибкорону тоҷирон, намояндагони ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистону Чин иштирок намуданд.
Дилшод Ҷӯраев, директори Клуби соҳибкорони ҷавон ҳозиринро бо 25-солагии муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин шодбош гуфта, ташаббуси баргузории ҳамоиши мазкурро дар Соли ҷавонон қадами устувор баҳри рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонони тоҷик арзёбӣ намуд.
Илҳом Маҳкамбоев, мушовири Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар хусуси имтиёзҳои пешбинишуда ба сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфид пешниҳод намуд.
Ҳамчунин намояндаи ширкати чинии «ИЖУЙ» доир ба тиҷорати байналмилалии электронии хариду фурӯши маҳсулот аз тариқи сомонаи худ маълумот дод.
Миёни иштирокчиён муколамаи озод баргузор гардид, ки ин барои шиносоӣ ва минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории судманд ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ хеле муҳим мебошад.

Март 14, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд