Дар Душанбе густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 28 феврал Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Гренро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ Сафири Олмон паёми табрикии Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэлро ба муносибати 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон супорид.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






