Дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд озмуни «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид
ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии баҳори нозанин бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои таълимӣ озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти коллеҷи мазкур иттилоъ доданд, ҳадафи озмун тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмомӯзӣ, одоби оиладорӣ, зебоипарастиву эҳё ва гиромӣ доштани анъанаҳои куҳани аҷдодӣ мебошад.
Озмун аз рӯи 5 шарт – муаррифӣ, пешниҳоди либосҳои миллии арӯсӣ, ҳозирҷавобӣ, кадбонугӣ ва соҳибҳунарӣ гузаронида шуда, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.