Дар «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» клуби шоҳмотбозони наврас кушода шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими расман ба истифода додани клуби шоҳмотбозони наврас бо номи «Фарзин» доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин рӯз ҳамчунин роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз» нахустин мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо баргузор намояд. Масъулин зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҷиҳати таъсис додани маҳфилҳои варзишӣ, техникӣ ва ҳунаромӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин супоришҳо Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили маҳфили «Шоҳмот» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» ба имзо расид. Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» тасмим гирифт, ки бо мақсади сайқал додани тафаккури мантиқӣ ва инкишофи қобилияти зеҳнии хонандагон, баланд бардоштани маҳорати шоҳмотбозӣ, ҳавасмандгардонии шоҳмотбозони наврас ва ҷалби ҳарчи бештари наврасон ба бозии шоҳмот ин мусобиқаро ташкил намояд.
Дар маросими ифтитоҳи клуби шоҳмотбозон намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, сардори раёсати маориф ва намояндагони маорифи ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд. Зикр гардид, ки дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешавад. Муассиси мусобиқа Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошад. Дар мусобиқа хонандагон-шоҳмотбозони наврас тӯли ду рӯз қувваозмоӣ мекунанд. Ғолиби мутлақи мусобиқа бо диплом ва «Ҷоми Наврӯз» ва ғолибони ҷойи аввал аз рӯйи меъёри 1 тахта 1 ҷойи якум бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.











Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






