Дар ноҳияи Файзобод ба муносибати иди Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Март 20, 2017 17:25

ФАЙЗОБОД, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар муассисаи рақами яки ноҳияи Файзобод ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷамъомад омӯзгорони собиқадор оид ба таҷлили Наврӯзи Аҷам ва аҳамияти ҷаҳонии он суханронӣ намуда, хонандагонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Директори муассисаи мазкур Меҳриддин Содиқов иброз намуд, ки дар даврони  истиқлолият мардуми тоҷик ин ҷашни аҷдодиро ҳамасола бо рӯҳияи тоза истиқбол мегиранд, вале мо  дар баробари ифтихор кардан аз ҷаҳонишавии Наврӯз бояд барои дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии ин ҷашни бошукӯҳ иқдоми бештар нишон диҳем.

Март 20, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад