Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе «Тантанаҳои ҷавонӣ» доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 марти соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душане дар доираи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Тантанаҳои ҷавонӣ» баргузор карда шуд.
Барномаи фарҳангии «Тантанаҳои ҷавонӣ» ба Соли ҷавонон бахшида шуда, дар он наврасону ҷавонони боистеъдоди ноҳия ҳунарнамоӣ намуданд. Тавре аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, маҳфил бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангиву зебоипарастии насли наврас ва ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи барномаҳои худ бахшида ба Соли ҷавонон баргузории ҳамоишҳои гуногунсамтро ба нақша гирифтааст, ки онҳо аз 1 марти соли 2017 оғоз мегарданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






