Дар ноҳияи Спитамен ҷаласаи комиссияи ҳудудӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода доир шуд

Март 17, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен таҳти раёсати раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода бо иштироки аъзои комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия, бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳо оид ба соҳилмустаҳкамкунӣ ва тозакунии каналу ҷӯйборҳо, пешгирии  ҳар гуна офатҳои табиии эҳтимолӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроия хабар доданд, раиси ноҳия мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи ҳолатҳои фавқулодаро   пешгирии саривақтии офатҳои табиӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бояд масъулин дар оғози фасли баҳор корҳои  соҳилмустаҳкамкуниро оғоз намуда, сою канал ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо ва лойқа тоза намоянд.

Дар соли 2016 Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолияти худро нисбат ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона намуда, як зумра тадбирҳоро таҳия ва амалӣ намуд.

Мувофиқи маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, дар ноҳия 4 сой мавҷуд буда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин самт оғоз гардидаанд. Раванди бештари хатарнок дар миқёси ноҳияи Спитамен  омадани сел ба ҳисоб рафта, мавсими рӯйдоди он аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи август идома меёбад.

Дар ҷаласа раиси ноҳия ба масъулини идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, раёсати кишоварзӣ,  матлубот, ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия оид ба вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, омодагӣ ба мавсими обёрӣ, пешгирии сар задани ҳар гуна офатҳои табиии эҳтимолӣ дастуру супоришҳо дод.

Март 17, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст