Дар остонаи иди Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ боз як неругоҳи барқӣ ба истифода шуд
ХОРУҒ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шодию хурсандии сокинони ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ имрӯзҳо ҳадду канор надорад. Соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел шабакаи обрасонию дастгоҳҳои барқии неругоҳи хурди Техарв комилан хароб гардиданд ва акнун баъди як соли таъмиру таҷдид зиёда аз 600 хонаводаи водии Ванҷи боло дуюмбора соҳиби неруи барқ шуданд. Сармутахассиси ширкати «Помирэнерҷӣ» Қурбоналӣ Сабзалиев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мутобиқи нақша чархҳои неругоҳи мазкур бояд дар охири моҳи ноябр ба кор андохта мешуданд, аммо зимистони имсола хеле сербориш омад ва ғафсии барф аз якуним метр ҳам баландтар шуд. Ба ҳамин сабаб ифтитоҳи неругоҳ се моҳи дигар ба таъхир афтод. Аммо мо хушҳолем, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз хонаи сокинони ҷамоати деҳоти Рованд равшан шуд».
Иқтидори неругоҳи барқии Техарв 300 квт буда, он дар аввали солҳои 90-ум бунёд шудааст. Ширкати «Помирэнерҷӣ» барои таъмиру таҷдиди неругоҳ 383 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дод.Чархҳои тавлидкунандаи барқ мутобиқи дархости ширкат дар давлати Чин сохта шудаанд.
Муҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо Шо» Носир Раззоқов изҳор намуд, ки аксарияти коргарони сохтмонро ҷавонони маҳаллӣ ташкил додаанд ва онҳо кӯшиш карданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати хуб ба анҷом расонанд. Умед дорем, ки ин неругоҳ солиёни зиёд бе нуқсон кор хоҳад кард.
Ин дуюмин неругоҳи хурди барқист, ки дар ду ҳафтаи охир мавриди истифода қарор мегирад. Як ҳафта пеш чунин неругоҳ дар ҷамоати Язгуломи ин ноҳия ба кор андохта шуд. Ҳамзамон ҳарду неругоҳ ба низоми ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






