Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони «Наврӯз» ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 20.03.17 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи имсола нахустин қадамҳои худро ба сарзамини тоҷикон гузошт. Ин иди бошукӯҳи тоҷикон ҳамчун пайки шодию фараҳ на танҳо дашту даманро лабрези гулу гиёҳ кард, балки дилҳои одамонро ҳам лабрези суруру шодӣ гардонд. Дар ҳамин рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони хусусии «Наврӯз» барои қабули сад нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар шаҳри Турсунзода 11 адад кӯдакистон фаъолияти пурсамар доранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






