Эмомалӣ Раҳмон: «Сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида, инчунин намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад»
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ зикр намуданд, ки бояд дар ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ дода шавад. «Хотирнишон менамоям, ки сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида, инчунин намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад».
Дар суханронии хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати шаҳри Душанбе ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо ва ба пойтахти дар ҳақиқат пешрафтаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардонидани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.
Дар поёни суханронӣ Сарвари давлат бори дигар кулли сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон ва ҳамаи ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори корро таманно намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






