Хидеки Танабе: «Ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон минбаъд низ таҳким меёбад»
ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси кумита Рустам Назарзода бо сарвари тозатаъйини Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Хидеки Танабе баргузор шуд.
Рустам Назарзода аз ҳамкории муваффақонаи Тоҷикистону Ҷопон дар самти коҳиши хатари офатҳо ёдрас шуда, дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ сухан кард.
Ҳамчунин Хидеки Танабе иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) дар самти коҳиши хатари офатҳо баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






