Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 0 то 5 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 8 то 13 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 5 дараҷа гарм мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






