Имрӯз дастаҳои Яман ва Тоҷикистон бо ҳам қувва месанҷанд

Март 28, 2017 10:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозии аввалини расмии интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамади Қатар баргузор мешавад.
Дар нишасти матбуотии пешазбозӣ сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов ва капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Ҳаким Фузайлов гуфт: -«Дастаи Яман ҳам мисли дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар назди худ мақсади ба бозиҳои финалӣ баромаданро гузоштааст. Дар ин сатҳи бозиҳо дастаҳои суст нестанд ва ҳама баробаранд. Мо кӯшиш мекунем, ки вазифаи дар назди даста гузоштаи роҳбаронро иҷро кунем. Дар бораи бозии имрӯза гуфтаниам, ки барои дастаи мо дар рафти бозӣ душвориҳо пайдо мешаванд, вале уме даст, ки бозии ҷозибу шавқоварро хоҳем дид. Ҳунарнамоии дастаи Яманро омӯхтем. Бисёр тайёрии пухта дидаанд ва барои футболбозони мо мушкилӣ эҷод мекунад. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки дар ин бозӣ ғалаба кунем, зеро дар бозии аввал ғолиб омадан хеле муҳим аст» -ҷамъбаст намуд Ҳаким Фузайлов.
Капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев дар ин замина чунин баён кард: — «Мо ба бозӣ бо дастаи мунтахаби Яман тайёрии хуб дидаем ва то ин вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Баҳрайн як бозии дӯстона баргузор карда, ҳаматарафа омода шудем. То ин бозӣ мо бо дастаи мунтахаби Яман ду маротиба қувва озмудаем ва он қавӣ ва пуриқтидор аст. Кӯшиш мекунем, ки бо бозии хубамон сазовори се имтиёз гардем ва бо сари баланд ба хона баргардем. Мо барои ватанамон бозӣ мекунем, аз ин рӯ дар куҷое набошем, тамоми кӯшишу ғайратро бояд истифода бурд, ки ба ғалаба ноил шавем»-афзуд Фатҳулло Фатҳуллоев.
Тавре иттилоъ доред, бозии аввалини интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад соати 21:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.
Бозии дуюм дар ин гурӯҳ бо иштироки дастаҳои Филиппин ва Непал сурат мегирад.

Март 28, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад