Иштироки Пешвои миллат дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе

Март 8, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 08.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Тавре огаҳӣ доред, чунин тадбирҳои созандагӣ рӯзҳои 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 марти соли 2017 дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Супоришҳое, ки Сарвари давлат рӯзи 2 феврал ба Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе бобати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардид. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, то имрӯз масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат  қад — қади дарёи Душанбе дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинонидаанд.

Рӯзи 4 март дар ноҳияи Хуросон бошад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ки моҳи феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда буд, дарахтони олу шинониданд. Дар ҳамин ҷо роҳбарияти Хоҷагии фермерии “Асадулло” иқдом гирифтанд, ки ба хотири саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дуб ба пойтахт тақдим намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти идораҳои дахлдор, ки фаъолияташон ба корҳои ободонӣ равона гардидааст, дастур дода буданд, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ин дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида шавад.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави Хиёбони Дӯстии пойтахт ва Боғи ба номи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида, шинонида шуд.

Дар маҷмуъ имрӯз беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли каштан, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 адад ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 адад дарахти кипарис ва мажевелник шинонида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилилалии Наврӯз ба масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

Март 8, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд