Иштироки Сироҷидин Аслов дар Муколамаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба такмили фаъолияти СММ нисбат ба ҳадафҳои марбут ба об
ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳайси ҳамраис дар Муколама оид ба беҳтар намудани ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти СММ нисбат ба ҳадафҳои марбут ба об иштирок намуд. дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур аз ҷониби Раиси Маҷмаи Умумии СММ, дар ҳамкорӣ бо Намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Венгрия дар СММ ва тибқи қатъномаи охирини Маҷмаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ташкил карда шуд.
«Зимни суханронии худ вазири корҳои хориҷии кишвар захираҳои обро ҳамчун ҷузъи муҳим ва унсури пайвасткунандаи рушди устувор арзёбӣ намуда, барои роҳандозии муносибати фарогир дар истифода ва ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда даъват ба амал овард», — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Сироҷидин Аслов ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», механизмҳои татбиқ ва мониторинги он ба ҳамоҳангӣ ва беҳбуди самаранокии тадбирҳо ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор ва мудирияти фарогири захираҳои об мусоидат хоҳад кард.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






