Маркази миллии тестӣ: «Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағ озод карда мешаванд»

Март 2, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ 220 (дусаду бист) сомонӣ ва барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятимони кулл ва бепарасторони то 21-солае, ки дар ИМД-2017 иштирок кардан мехоҳанд, тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағ озод карда мешаванд.
Шахсони то 21-сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 110 (яксаду даҳ) сомонӣ пардохт мекунанд.
Шахсони барои иштирок дар ИМД-2017 аз қайдгузаранда метавонанд маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Март 2, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд