Маросими супоридани санад оид ба тасвиби Созишномаи Париж

Март 23, 2017 12:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  22 марти соли равон дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКХ ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов санади мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Мигел де Серпа Соарес супорид.

Инчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон дар баробари 175 кишвари аъзои СММ Созишномаи мазкурро дар таърихи 22 апрели 2016 дар қароргоҳи СММ имзо намуд ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро рӯзи 13 феврали соли равон  ба тасвиб расонидааст. Созишнома 4 ноябри 2016 қувваи қонунӣ пайдо карда, то имрӯз аз ҷониби 135 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расидааст.

Март 23, 2017 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд