Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат

Март 20, 2017 15:56

ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи Наврӯзи бостонӣ ва хусусиятҳои хосу барҷастаи ин иди ниёгон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии Наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани оинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд.

Чун соли 2017 аз ҷониби Президенти мамлакат Соли ҷавонон эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аҳли зиё бояд ташаббусҳои насли ояндасозро дасгирӣ карда, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят намоянд. Вобаста ба фароҳам овардани шароити созгор баҳри зиёиёни ҷавон ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ҳамаи сохторҳои илмиву таълимии кишвар вазифадор шуданд. Тарғиби бузургтарин дастоварди халқи кишвар ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими аҳли зиё арзёбӣ карда шуд.

Доир ба рушди соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ мегузорад, зарур шуморида шуд, ки аҳли эҷоди кишвар — олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо назардошти ин рисолати инсонсози фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот — Фарҳод Шокиров — докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мафтуна Назирова — адиби ҷавон, корманди ҳафтавори Адабиёт ва санъат, Моҳпайкар Ёрова — Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Бузургмеҳри Баҳодур — адиби ҷавон, корманди рӯзномаи Ҷумҳурият, Дилшод Раҳимов — муовини Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Рафоати Файзалӣ — Раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Набӣ Набизода — Директори муассисаи давлатии телевизиони Синамо сухан гуфта, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

Март 20, 2017 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд