Мутахассисони бонкҳои кишвар сатҳи дониш ва касбияти худро ҷиҳати баҳодиҳӣ ба амволи манқул такмил доданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 нафар кормандону мутахассисони бонкҳо ва ниҳоду идораҳои молиявии Тоҷикистон зимни як давраи омӯзишӣ, ки тӯли панҷ рӯз дар Душанбе доир гардид, сатҳи дониш ва касбияти худро дар самти баҳодиҳӣ ба амволи манқул такмил дода, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Барномаи давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ /IFC/, аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон оғоз ва дар асоси беҳтарин таҷрибаи байналмилалии баҳодиҳӣ ба амволи манқул таҳия гардида, ба таъмини дастрасии соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои хурд ва миёна ба маблағгузорӣ равона шудааст.
Барнома ба мутахассисони бонкҳои Тоҷикистон тавассути баргузории давраҳои омӯзишӣ имконият фароҳам меорад, ки онҳо аз худ кардани усулҳои баҳодиҳии гаравҳоро, ба монанди техникаю таҷҳизот, ки имрӯз қарзгирандаҳои эҳтимолӣ пешниҳод месозанд, имконпазир намояд. Татбиқи барномаи мазкур махсусан барои ширкатҳои хурд, ки қисми зиёди иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, муҳим аст. Дар ҳолате, ки ин корхонаҳо соҳиби дороиҳо ҳастанд, аксаран аз чунин намудҳои барои қарздиҳандаҳо авлотар, ба мисли замин ва биноҳо маҳруманд. Дороиҳои дигар, ба монанди техникаю таҷҳизот ва қарзи дебиторӣ, ки нисфи моликияти ширкатҳоро ташкил медиҳанд, ба сифати гарав барои маблағгузорӣ камтар қабул мешаванд.
«Дар Тоҷикистон зарурати диверсификатсияи амволи ба сифати гарави қарз пешниҳодшаванда мавҷуд аст»,- гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе Лола Салимзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии барномаи мазкур. «Ин восита барои корхонаҳои хурду миёна имконияти маблағгузории калонро боз менамояд ва аз ҷорӣ гардидани чунин таҷрибаи пешқадам дар Тоҷикистон хеле шодем»,- таъкид кард Лола Салимзода. Мавсуф зикр кард, ки баҳогузории дурусти гарав дар фаъолияти бонкӣ бисёр муҳим буда, аз меъёр баланд ва аз меъёр паст баҳогузорӣ пайомадҳои манфӣ дорад. Таъкид шуд, ки ба моли ба гаравмонда бояд баҳои асоснок дода шавад ва худи мизоҷ низ ҳавасманд бошад, ки ба бонк пулро баргардонад, на гаравро, зеро бонкҳо бо муомилоти пулӣ сарукор доранд ва набояд ба коргоҳҳои риэлторӣ табдил ёбанд. Муовини раиси Бонки миллии кишвар зикр кард, ки бисёри мизоҷон ба ивази маблағ моли гаравро дар ихтиёри бонкҳо мегузоранд. Дар ин маврид ин раванд бонкҳоро ба сарфи бештари вақт, неру ва маблағ водор менамояд.
Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, интизор меравад, ки дар доираи татбиқи он солона то ба 150 мутахассис-баҳогузори гаравҳои амволи манқул аз давраҳои омӯзишӣ гузаранд. Инчунин ба ташаккули институтҳои касбии баҳогузорони гаравҳо мусоидат менамояд. Баҳогузороне, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият месупоранд, соҳиби гувоҳнома мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






