Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин дар тарғиби Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷолиби сайёҳӣ саҳми муносиб гузошт

Март 15, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 марти соли 2017 дар шаҳри Берлини Олмон бузургтарин намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола таҳти васояти Созмони ҷаҳонии туристӣ баргузор мегардад, ба кори худ анҷом бахшид. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз иштироки Тоҷикистон дар кори ин намоишгоҳ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода бо Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов баргузор гардид. Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори даҳум аст дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъолона менамояд. Солҳои охир гӯшаи Тоҷикистон дар сатҳи баланд омода карда шуда, ширкатҳои сайёҳии кишвар ба кори он мутахассисони варзидаро ҷалб менамоянд. Ҳамзамон маводи пурмазмун ва ҷолиби диққат ба дӯстдорони сайру саёҳат пешниҳод мегардад. Дар ҳошияи намоишгоҳ даҳҳо мулоқот ва вохӯриҳои корӣ баргузор гардида, шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо аз кишварҳои гуногун ба имзо расонида мешаванд.
Бояд иброз дошт, ки ҳамасола дар кори намоишгоҳ наздики 188 кишвар гӯшаи худро созмон дода, садҳо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имконоти худро ба маърази иштирокчиён ва коршиносони соҳа пешниҳод менамоянд.
Зимни суҳбат таъкид шуд, ки саҳми ин намоишгоҳ дар ташвиқу тарғиби имконот ва захираҳои сайёҳии кишаварамон хеле назаррас мебошад, бинобар ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҳарчӣ бештари ширкатҳои ватанӣ ба кори ин намоишгоҳ дар солҳои оянда тадбир меандешад.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон барои иштироки намояндагони кишварамон дар чунин намоиши сатҳи баланд мусоидати сазовор хохад кард.

Март 15, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад