Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов 16 март дар кори ҷаласаи 61-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар суханронии худ Намояндаи доимӣ Комиссияи мазкурро ҳамчун форуми асосии байниҳукуматӣ барои пешбарии масъалаҳои марбут ба баробарии гендерӣ, баланд бардоштани мақоми занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт арзёбӣ намуд.
Илова бар ин роҳбари ҳайати Тоҷикистон ширкаткунандагони ҷаласаро бо дастовардҳои кишвар дар татбиқи сиёсати гендерӣ, ки масъалаҳои таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои фароҳамовардашуда барои занону духтаронро фаро мегиранд, аз ҷумла бо татбиқи Стратегияи миллӣ барои афзудани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 шинос намуд.
М. Маҳмадаминов инчунин ширкат ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла занонро дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи декабри 2016 бо ҷонибдории 177 кишвари узви СММ қабул гардидааст, муҳим арзёбӣ намуд.








Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад






