Пешвои миллат дар бораи Халилуллоҳ Халилӣ ва ё Наврӯзи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар оинаи тасвири шоирон

Март 27, 2017 14:21

ДУШАНБЕ, 27.03.2017./АМИТ «Ховар»/.  «Гулчини ашъори устод Халилуллоҳ Халилӣ. Наврӯзи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар оинаи тасвир» — бо чунин унвон дар Душанбе маҷмӯаи нав  аз чоп баромад, ки дар он қасоиду ғазалиёт, қитъаҳо ва рубоиёт, таркиббандҳо ва маснавиҳои шоири шаҳир Халилуллоҳ Халилӣ, ҳамчунин ашъори шоирони дигар дар бораи ин устоди сухан  ба ҳам оварда шудаанд. Маҷмӯаро сарвари Китобхонаи ба номи Халилуллоҳ Халилии назди Пажӯҳишгоҳи мерои хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар мураттаб сохта, чун дастовези наврӯзӣ пешкаши дӯстдорони адабиёт гардонидааст.

 

Хавзаи Навруз 34

Дар китоб Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатдорони Конфронси байналмилалии  бузургдошти 100-умин солгарди Халилуллоҳ Халилӣ, ки  моҳи ноябри соли 2007 дар Душанбе доир гардида буд, ҷой дода шудааст.  Дар Паём, аз ҷумла, омадааст: «Халилуллоҳи Халилӣ – адиб, фарҳангсолор, олим ва шахсияти сиёсӣ-иҷтимоӣ – дар адаб, фарҳанг, илм ва дар маҷмуъ сарнавишти кишвари бародари Афғонистон нақши носутурданӣ дорад. Ӯ фарзанди содиқи ин кишвари бостонӣ буд, ки меҳри гарми он дар ашъори воло, қабл аз ҳама қасидаҳои нотакрор ва осори гуногуни вай таҷассуми барҷаста дорад. Ӯ бо хуни дил ояндаи дурахшони Ватани азизи хешро рӯшан месохт. Устод Халилуллоҳи Халилӣ дӯсти самимӣ ва бузурги Тоҷикистон буд. Ӯ меҳмони азизи кишвари мо гардида, меҳру самимияти хешро иброз доштааст. Дар Тоҷикистон низ маъруф ва маҳбуб аст».

Халилуллох ХалилиВоқеан ҳам, Халилуллоҳ Халилӣ, ки муаллифи асарҳои безавол, аз ҷумла қасидаҳои «Баҳору ҷавонӣ», «Нолаи хоркан», «Навбаҳор дар Ҷидда», «Тобути оташин», «Панҷшер ва Масъуди қаҳрамони он», «Шаҳри офтобҳо» ва романи таърихии «Айёре аз Хуросон» мебошад, дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти беандоза дорад. Бахусус ғазалҳои равону зебои  ин пири сухан, ки аз ҷониби Аҳмад Зоҳир, Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва дигар сарояндагони мумтоз хонда шудаанд, вирди забони дӯстдорони назми тоҷик мебошанд.

Азбаски Халилуллоҳ Халилӣ яке аз пайвандгарони ҳавзаи фарҳангӣ ва тамадунии мо, яке  вассофони Наврӯз буд ва орзӯи ҷаҳонӣ гаштани ин идро дошт, мураттиби маҷмӯа ба мавзӯи Наврӯз махсус рӯ оварда, дар сарсухани худ овардааст: «Шукуҳу зебоӣ ва эҳёи суннатҳои мардумии Наврӯзи Тоҷикистон дар сойири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз назир надорад. Бояд гуфт, ки дар миёни кишварҳои меросдори ҳавзаи Наврӯз дар созмони ЮНЕСКО Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари фарҳангсиришти он бештарин ва беҳтарин талошҳоро барои сабти ин мероси бостонӣ ва ниёгонии мо намуд».

 

Бобочон Гафуров и ХалилиДар идомаи сухани худ М. Ранҷбар нигоштааст, ки Наврӯз – ин ҷашни бостонии баҳорӣ пайванди ногусастанӣ бо шеъру шоирон дорад. Ба қавли ӯ, яке суннатҳои наврӯзӣ баргузории базми шоирон ва ташвиқи онҳо буд, ки дар маҳфилҳои шоҳони фарҳангдӯст ва ҳамоишҳои миллию мардумӣ ашъори дилкаши баҳории худро қироат менамуданд. Вобаста ба ин мураттиб чунин ёдовар шудааст: «Соли гузашта бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар шаҳри зебои Душанбе дар сатҳи баланду бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин Ҳамоиш Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо суханронии олӣ ва пурмуҳтавояшон дар бобби таърих ва фалсафаи инсонсози ин ҷашни бостонӣ ва арзишҳои фарҳангию ҳамгароияш таваҷҷуҳу таҳсини ҳозирини маҷлисро барангехтанд…».

Хотиррасон менамоем, ки Китобхонаи ба номи Халилуллоҳ Халилии назди Пажӯҳишгоҳи мероси хатии АИ Тоҷикистон қабл аз ин китобҳои «Армуғони Наврӯз, аз Рӯдакӣ то имрӯз» ва «Гулчини ашъори устод Халилӣ»-ро бо ҳуруфи форсию сириллик мураттаб сохта ва ба нашр  расонида буд.

Дар аксҳо: маҷмӯаи нав; Ҳамоиши шоирони ҳавзаи Наврӯз дар Душанбе; Халилуллоҳ Халилӣ; Бобоҷон Ғафуров ва Халилуллоҳ Халилӣ.

 

 

 

Март 27, 2017 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид