Пешвои миллат: «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дорад»

Март 22, 2017 09:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии дирӯз  дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Навӯзгоҳи шаҳри Душанбе иброз намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд».

Март 22, 2017 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд