Рӯзи ҷаҳонии театр: Театри миллӣ бузургтарин ва зеботарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд

Март 27, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 27.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии театр дар тамоми олам таҷлил карда мешавад. Тибқи анъана он зери шиори ягонаи «Театр ҳамчун воситаи ҳусни тафоҳум ва сулҳ миёни халқҳо»  баргузор мегардад.  Агар Паёми аввалин бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии театр соли 1962 аз тарафи нависанда ва рассоми фаронсавӣ Жан Кокто навишта шуда  бошад,  тасмими таҷлил кардани 27 март ҳамчун Рӯзи театр дар саросари ҷаҳон соли 1961 аз ҷониби иштирокдорони Анҷумани 9-уми институти театр дар назди ЮНЕСКО гирифта шуд. Театр аввалин санъати дидорӣ буд, ки пас аз он кино ва телевизион пайдо шуданд, аммо нақши театр  дар рушди фарҳангу тамаддуни халқҳо ва наздикии фарҳангҳо то имрӯз назаррас аст.

Рӯзи ҷаҳонии театр на танҳо иди касбии ҳунармандони саҳна ва кормандони он, балки ин ҷашни ҳамагон ва миллионҳо тамошобинон мебошад. Ва албатта, ба ифтихори ин санаи фархундаи Рӯзи театр дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷашнвораҳои гуногуни театрӣ баргузор мегарданд.   Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳанг ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, он ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро касб намудааст. Қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»,  Барномаи «Рушди санъати театри дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» баҳри рушду такомули соҳаи театрӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Олимҷон Акрамов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки фарҳанг дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидиро ишғол менамояд. Аз ин ҷост, ки ба ҳунар, хоса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад. Ба иттилои Олимҷон Акрамов, имсол бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бинои Театри вилоятии мусиқӣ–мазҳакавӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ва дар шаҳри Қурғонтеппа бинои бошукӯҳ ва замонавии Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди истифода қарор гирифтанд ва  сохтмони яке аз бузургтарин ва хуштарҳтарин биноҳои театрӣ дар минтақа – Театри миллӣ дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе, ки хишти нахустини он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд, имрӯзҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тарҳи бинои мазкур бо шукӯҳу шаҳомат ва хислати меъморӣ яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт хоҳад буд. Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.
Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

 

Март 27, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад