Саноатчиёни мамлакат Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд

Март 17, 2017 16:34

ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Шавкат Бобозода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Наврӯз дар ҳама давру замон дар байни мардуми ориёӣ бузургтарин ҷашни миллӣ ба ҳисоб мерввад. Ин ҷашн аз гузаштаҳои хеле дур то имрӯз барқарор монда, мавқею эътибори худро ҳифз кардааст.
«Баъд аз байналмилалӣ эълон гадидани Наврӯз халқи тоҷик онро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари зиёда аз 300 миллион нафар сокинони сайёра, ки ба Наврӯз эътиқод доранд, ҷашн мегирад. Тамоми ойинҳои Наврӯз сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, ҳамдигарфаҳмию зебоӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошад. Наврӯз дар баробари шукуфоии табиат шодиву сурур ва меҳрубонӣ оварда, инсонро ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва покизагӣ ҳидоят мекунад»,- гуфт Шавкат Бобозода.

Март 17, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст